Ҳайрати Захарова аз муноқашаи мансабдорони Украина бо забони русӣ

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНамояндаи расмии ВКХ-и Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ
Намояндаи расмии ВКХ-и Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар идома таъкид кардааст, ки ҷомеаи Украинаро дар оянда сатҳи ифротгароии аз ин зиёд интизор хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова мегӯяд, дар муноқишаи лафзии вазири корҳои дохилии Украина Арсена Аваков ва раиси вилояти Одесса Михаил Саакашвилӣ чизи хандаовареро намебинад. Ӯ дар ин бора дар саҳифаи Фейсбукии худ ибрози назар кардааст.

Захарова мегӯяд, барои ӯ бисёр таассуфовар аст, ки омӯзиши забони русӣ дар макотиби миёнаву олии Украина мамнуъ мебошаду "обпошӣ" ё таҳқири ошкорои ҳамдигар миёни вазирону раисони вилоят иҷозат аст.

Аваков ба рӯи Саакашвилӣ қадаҳи обро ҳавола дод. Наворҳо аз рафти ҳодиса

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар идома таъкид кардааст, ки ҷомеаи Украинаро дар оянда сатҳи ифротгароии аз ин зиёд интизор хоҳад буд.

Захарова бисёр дар ҳайрат аст, ки Киев дар оянда чи гуна метавонад, хатти сиёсии худро бикашад. Дар ҳоле ки ба як ҳаводори мутаассиби режими кунунии Украина гуфта мешавад, "Аз кишвари мо гум шава!"

Вазири корҳои дохилии Украина Арсен Аваков дар саҳифаи Фейсбуки худ навори видеоиеро аз рафти ҷаласаи Шӯрои миллии ислоҳоти ин кишвар гузоштааст, ки дар он муноқишаи лафзии ӯ бо раиси вилояти Одесса Михаил Саакашвилӣ дида мешавад.

Ин ҳодиса 14 декабри соли равон рух додааст. Аваков мегӯяд, ба рӯи Саакашвилӣ ба хотири таҳқири ошкоро об пошидааст. Тибқи фарзияи гуфтаи ӯ, Саакашвилӣ дар посух ба суоли ин ки гӯиё чаро масъалаи хусусигардонии "Одесского припортового завода"-ро бо алигархи рус баррасӣ кардааст, гӯиё садо баланд карда, суханҳои таҳқиромез ҳам гуфтааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0