Боздошти як донишҷӯй бо 10 кило ҳашиш дар пойтахт

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкҲашиш. Акс аз бойгонӣ
Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар як рӯз мақомот аз қочоқчиён наздик ба 35 кг маводи мухаддир мусодира карданд.

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Донишҷӯи курси 3-и Донишкадаи геологияи шаҳри Хоруғ сешанбеи гузашта бо 10 кг ҳашиш дастгир шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ.

Ба иттилои манбаъ, ҷавон мусофири автомашинаи "Тайота-Ланд-Крузер", таҳти идораи сокини 37 солаи Хоруғ будааст.

Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти як сокини 20-солаи Бадахшон ба иттиҳоми қочоқи ҳашиш

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар дохили автомашинаи мазкур борхалтаи варзишии мусофир 19-сола, донишҷӯ 10 киллою 710 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш, дарёфт ва мусодира карда шуд",-афзуд манбаъ.

Дар робита ба ин нисбат ба донишҷӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чораҳои тафтишоти оид ба иштироки ронанда дар қочоқи маводи мухаддир рафта истодааст.

Худи ҳамон рӯз дар наздикии Бозори "Мардон"-и пойтахт сокини 42 солаи ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуд. Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш тамғаи "Мерседес-Бенс", аз дохили борхалтааш 990 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира гардид. Инчунин, ҳангоми азназаргузаронии хонаи хоҳараш 22 киллою 680 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0