Дастаи таъиноти махсус қуллаи кӯҳро дар Варзоб “фатҳ” кард

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкУчения спецназа. Архивное фото
Учения спецназа. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷузву томи таъиноти махсуси ВКД қуллаи кӯҳ дар Варзобро, ки дар он тибқи ривояти тамриноти таълимӣ урдугоҳи “террористон” ҷойгузин буд, фатҳ кард.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Сарбозону афсарони дастаи таъиноти махсуси Вазорати умури дохила дар кӯҳҳои Варзоб тамриноти таълимӣ доир карданд, иттилоъ медиҳанд сохторҳои мақомоти дохилӣ.

Машқҳои ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Анҷоми тамриноти зиддитеррористӣ дар вилояти Суғд

"Ҷузву томҳои таъиноти махсуси қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД рӯзи 14 декабр дар яке аз минтақаҳои душворгузари кӯҳистони Варзоб тамринот доир карда, қуллаи барфпӯшро фатҳ намуданд",- омадааст дар иттилоъия.

Вазифаи даста аз нобуд кардани гурӯҳи шартии ҷангиёни террорист дар баландии барфпӯш иборат буд.

Дастаи таъиноти махсус бо сабку услуби хосаи амалиёт ба "нуқта" наздик шуда, бо як ҳамла урдугоҳи "террористон"-ро забт карданд. Кулли ҷангиён нобуд карда шуданд.

Хадамоти матбуотии ВКД мегӯяд, баргузории чунин тамринот барои санҷиши ҳолати омодабош ва баландабардории вазъи рӯҳии сарбозону афсарон мусоида мекунад.

Лентаи хабарҳо
0