Назарсанҷӣ: ҷонибдории сокинони ИМА-ву Аврупо аз амалиёти низомии ФР

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкПойгоҳи ҳарбии Русия дар "Хмеймим"-и Сурия. Акс аз бойгонӣ.
Пойгоҳи ҳарбии Русия дар  Хмеймим-и Сурия. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Ба иттилоъи "Sputnik.Мнения", таҳқиқоти ахири ширкати "Populus"-и бритонӣ, ки бо дархости оҷонсӣ ва радиои  Sputnik баргузор кард, нишон медиҳад, ки беш аз нисфи аҳолии Олмон (51%), 42%-и британиҳо ва аз се як ҳиссаи амрикоиҳо (35%) аз амалиёти низомии Русия дар Сурия ҷонибдорӣ менамоянд.

Танҳо сокинони Туркия мухолифи амалиётҳои Русия дар  Сурия —64% буда, 17%-и онҳо аз амалиёт пуштибонӣ кардаанд.

Вазири дифои Юнон: Су-24-и ФР дар ҳудуди Сурия ҳадаф қарор гирифтааст

Ба суоли "шумо дар бораи амалиёти низомии Русия дар Сурия медонед ва ё хайр" 90%-и сокинони Британияи кабир ҷавоби мусбат дода, гуфтаанд, ки медонанд дар Сурия чӣ мегузарад, инчунин сокинони Туркия ва Олмон— мутаносибан 87%-и онҳо аз амалиёти низомии Русия дар Сурия бохабар будаанд. Дар ИМА 74% медонанд, аммо 26%-и пурсидашудагон аз амалиёти Русия дар Сурия изҳори бехабарӣ кардаанд.

Бештари немисҳо (63%), нисфе аз британиҳо (50%) ва сеяки амрикоиҳо (30%), ки дар бораи амалиёти низомии Русия дар Сурия медонанд, сарнагун кардани ҳавопаймои русиро аз ҷониби Туркия амали нодурусти Анқара хондаанд. Аммо 71%-и сокинони Туркия аз амали низомиён ва шахсе, ки фармони сарнагунии ҳавопаймои русиро додааст, ҷонибдорӣ менамоянд.

Назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати таҳқиқотии Populus аз 2 декабр то 8 декабри 2015 гузаронида шуд, зимни он 4083 нафар пурсида шуданд.Дар чаҳор кишвари дунё — Британияи кабир (1067), ИМА (1005), Олмон (1005), Туркия (1006) кас пурсида шудааст. Интихоби пурсидашудаҳо тибқи теъдоди аҳолӣ, ҷинс, синну сол ва ҷуғрофия сурат гирифтааст. Фосилаи итминон дар маҷмӯъ дар кулли кишварҳо ба +/- 3,1% бо эътимоднокии 95% мебошад.

Зарбазани Су-24. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Суқути Су-24-и Русия дар Сурия

Лоиҳаи байналмилалии омӯзиши афкори умум моҳи январи соли 2015 оғоз гардид. Ҳамкори тарҳ ширкати маъруфи таҳқиқотии Populus аст. Дар ҳошияи ин лоиҳаи "Sputnik.Мнения" мунтазам афкори ҷомеъа дар кишварҳои Аврупо ва ИМА оид ба масоили муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ санҷида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) — оҷонсии иттилоотӣ ва радио бо абзорҳои чандрасонаӣ ва пойгоҳҳои хабарӣ дар даҳ кишвар мебошад. Sputnik соҳиби торнамоҳо (сойтҳои интернетӣ), пахши оддӣ ва диҷитоли радио, барномаҳо барои телефонҳои ҳамроҳ, саҳфаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0