Дар маркази Душанбе арчаи 25-метра гузошта мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевАрчаи солинавии Душанбе дар соли 2015. Акс аз бойгонӣ
Арчаи солинавии Душанбе дар соли 2015. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои таҷлил аз Соли нави мелодии 2015 дар маркази шаҳри Душанбе арчаи солинавӣ, ки баландиаш 25 метр аст, насб карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ омодагиҳо ба истиқболи Соли нави мелодиро баррасӣ карда, оғози чорабиниҳои солинавии пойтахтро аз рӯзи 29-уми декабр эълом доштанд.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Душанбе, базми анъанавии арчаи Солинавӣ барои хонандагони хубу аълохони муассисаҳои таълимии шаҳр 29-уми декабр, соати 14 ва барои хонандагони фаъоли ҳар чор ноҳияҳои шаҳр 30-юми декабр, соатҳои 9 ва 14 дар бинои Сирки давлатӣ баргузор мешаванд.

Душанбе ба Соли нав омодагӣ мегирад

Ҳамзамон, мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар масъулини шаҳрдори бо туҳфаҳои солинавӣ аз 4 мактаб — интернатҳои шаҳри Душанбе мутаносибан рӯзҳои 29,30 ва 31 декабр дидан мекунанд.

Бо супориши шаҳрдорӣ то 30-юми декабр дар майдони "Дӯстӣ" арчаи Солинавии шаҳрдорӣ бо баландии 25 метр бо беҳтарин унсурҳои муосири светодиодӣ ороста мешавад.

Зимнан, шоми 31-уми декабр аз соати 18 то 20 дар майдони "Дӯстӣ" шоу-барномаи консертии солинавӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор шуда, дар фарҷоми он фазои пойтахтро фейерверкҳои солинавӣ дурахши идона хоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0