ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Хонандагони литсей-интернати тоҷикӣ-русии "Ҳотам ва П.В." ва литсейи толибилмони болаёқати шаҳри Душанбе дар мусобиқоти миёндастаии барномасозони АвруОсиё дар Қазоқистон медалҳои нуқра ва биринҷиро соҳиб шуданд, иттилоъ доданд дар Вазорати маориф ва илми кишвар ба Sputnik.
Манбаъ афзуд, хонандагон Суруш Давлатзода, Нодир Даминов, Самариддин Шарипов, Беҳрӯз Ашӯров, Фирдавс Сатторов ва Фарҳоди Ҳокимиён медалҳои нуқраро ба гардан овехтанд.
Дар даври ниҳоии Олимпиада 196 даста дар ҳайати 288 донишомӯз аз литсей ва гимназияҳои беҳтарин аз 12 кишвар, ки дар даври интихобии фосилавӣ ғолиб омада буданд, ширкат варзиданд.
Гуфтанист, кулли ҷоизадорони Олимпиадаи мазкур, бо шумули соҳибони дипломи ин мусобиқа бе супоридани имтиҳон ба гуруҳҳои буҷавии донишгоҳҳои бонуфузи Русия ва Қазоқистон пазируфта хоҳанд шуд.