Путин дастур дод, таҳдид ба низомиёни рус зуд нобуд карда шавад

Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия инчунин даъват кардааст, ки ҳамкорӣ бо кишварҳоеро, ки алоқаманди мубориза бо терроризм ҳастанд, тавсеа бахшида шавад.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Русия дастур додааст, ки дар сурати муайян шудани таҳдиде ба неруҳои низомии кишвараш дар хоки Сурия ба таври шадид иқдом гирифта шавад.

"Мехоҳам, онҳоеро огаҳ созам, ки бори дигар дар талоши эҷоди ҳар гуна иғвое алайҳи неруҳои Русия дар Сурияанд. Мо алакай барои таъмини амнияти низомиён ва пойгоҳи худ дар Сурия чораҳои иловагиеро андешидаем. Онҷо мошинҳои наву воҳидҳои зидди ҳавопаймо мустақаранд", гуфтааст Путин дар колегияи Вазорати дифои Русия.

"Тамоми амалиётҳои ҳавоӣ таҳти назорати зарбазанҳо анҷом меёбад. Дастур медиҳам, ки бисёр шадид иқдом гирифта шавад. Ҳар гуна ҳадафе, ки ба гуруҳҳои Русия ё зерсохторҳои заминии мо таҳдид мекунад, зуд аз байн бурда шавад", — таъкид кардааст ӯ.

Раисҷумҳури Русия инчунин даъват кардааст, ки ҳамкорӣ бо кишварҳоеро, ки алоқаманди мубориза бо терроризм ҳастанд, тавсеа бахшида шавад.

Лентаи хабарҳо
0