ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Издиҳоми иборат аз чандсад нафар ҳаракати нақлиёт дар яке аз ҷоддаҳои марказии Киев, кӯчаи Грушевскийро масдуд карда, ҳоло дар назди бинои Радаи боло ҷамъ шуда, талаби истеъфои девони вазирони Украинаро доранд.
Интизор меравад имрӯз дар парлумон ҳукумати Украина аз натиҷаи як соли кораш гузориш бидиҳад. Ҳамчунин, суханронии Арсений Ятсенюк, нахуствазири кишвар низ дар назар аст. Пас аз ироаи гузориши солона ҳукумати Украина масунияташро аз даст медиҳад ва вакилон имкон доранд истеъфои девони вазиронро пешниҳод намоянд.
Субҳи рузи ҷумъа эътирозгарон бе парчамҳои ҳизбӣ, аммо бо шиорҳои истеъфои ҳукумат ба назди бинои Радаи боло (Верховная рада)-и Украина ҳозир шуданд. Дар ҳоли ҳозир бо ширкати аъзо ва ҷонибдорони ҳизби миллигарои "Свобода" дар назди парлумон гирдиҳамоӣ идома дорад. Дар намоиши эътирозӣ инчунин намояндагони иттиҳодияҳои коргарон ва дигар ташкилотҳо иштирок мекунанд. Ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Грушевскийи Киев масдуд шудааст.