Бохти дастаи КВН-и Тоҷикистон дар Маскав

© Sputnik / Михаил МокрушинГала-консерти КВН. Акс аз бойгонӣ
Гала-консерти КВН. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сабқати ниҳоии маҳфили “Зарифон”, ё ба истилоҳ “КВН” дастаи “Плюшки ба номи Ярослав Гашек”-и Донишгоҳи давлатии Твер соҳиби 12,0 имтиёз гардид.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон, ки барои иштирок дар даври ниҳоии "Зарифон" ё КВН-и лигаи марказии Маскав ба Русия сафар карда буд, ноком шуд.

Дар қисмати ниҳоӣ шаш тим байни ҳам сабқат карданд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 9,0 имтиёз мақоми охиринро соҳиб шуд.

Барандаи озмун-сабқати ҳозирҷавобон тими "Плюшки ба номи Ярослав Гашек"-и Донишгоҳи Твер, ки 12,0 хол гирифт, эълом гардид.

Ҳамин тавр, ҳозирҷавобони тоҷик натавонистанд ба Премер-лигаи КВН, ки ровии он Александр Маслякови хурдӣ мебошад, роҳ ёбанд.

Намоишҳои ҳаҷвнигорони тоҷик иборат аз саҳна ва сурудҳои ҳаҷвӣ буда, мақсадашон шинос кардани ҳунар, таърих ва истеъдоди тоҷикон мебошад.

Мунтахаби ҳозирҷавобон (КВН)-и Тоҷикистон аз ҳашт нафар иборат буда, сарпарастии онро ҳукумати вилояти Суғд бар зимма дорад.

Лентаи хабарҳо
0