Русия "қутии сиёҳ"-и ҳавопаймои Су-24-ро рамзкушоӣ мекунад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкҚутии сиёҳи СУ-24
Қутии сиёҳи СУ-24 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои Русия зарур аст, то аз тамоми ҷузиёти ҳодиса огаҳ шавад.

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Русия ба рамзкушоии дастгоҳи худсабткунии ҳавопаймои сарнагуншудаи Су-24 дар ҳузури тамоми доираҳои алоқаманд ба тафтишоти ин қазия мепардозад, гуфтааст раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин.

Вазири дифои Юнон: Су-24-и ФР дар ҳудуди Сурия ҳадаф қарор гирифтааст

"Пеш аз ҳама хотирасон мекунам, ки ҳама бояд бидонанд, муносиботи мо бо ҳукуматдорони вақти Туркия тағйир нахоҳад хурд. Бори дигар мегӯям, ки мо бо Туркия на ҳамчун як кишвари дӯст, балки ҳампаймони худ дар мубориза бо терроризм муносибат мекардем ва задани ин ханҷар аз пуштро таваққуъ ҳам надоштем", — изҳор доштааст ӯ.

Инчунин ӯ қайд кардааст, ки барои Русия зарур аст, то аз тамоми ҷузиёти ҳодиса огаҳ шавад.

"Ин дастгоҳро бояд хеле дақиқу ҷиддӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ бо коршиносони барҷастаи дунё коркард намуд. Ба ҳар сурат мо бояд ҳамаи он нафароне, ки алоқаманди тафтиши ин қазия мебошанд, даъват кунем", — афзудааст Путин.

Бинои Вазорати умури хориҷаи ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти ВКХ ҶТ дар бораи сарозер шудани Су-24-и Русия

Дар ҳамин ҳол Сергей Шойгу гузориш додааст, ки дар пайи амалимёти вижа дар минтақаи сарозер шудани Су-24 ҷангиён ҳузур надоштанд, зеро ин минтақа қаблан аз террористҳо озод карда шуда буд.

Ӯ таъкид кардааст, ки ҷангиён натавонистаанд, аз ҳавопаймо чизеро бигиранд ва аз ин рӯ, имкон шудааст "Қутии сиёҳ"-и он ба Маскав интиқол дода шавад. Ба гуфтаи Шойгу, дар рӯзҳои наздик рамзкушоии он сурат хоҳад гирифт.

Нирӯҳои ҳавоии Туркия ҳавопаймои Русияро рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар ҳарими ҳавоии Сурия суқут доданд. Ду узви экипажи ҳавопаймои СУ-24 тавассути парашют худро аз ҳавопаймои суқуткарда берун андохтанд, вале ҳангоми фуромадан ба оташи чирикиҳои Сурия дучор шуданд.

Бар асари ин қумандони ҳавопаймо Олег Пешков кушта шуд, вале штурмани ҳавопайморо бо анҷоми як амалиёти нирӯҳои вижаи артиши Русия, ки дар ҷараёни он як сарбози қарордодии рус кушта шуд, берун оварданд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан суқути ҳавопайморо "ханҷар аз пушт" номид ва ахиран алайҳи Туркия як силсила таҳримоти иқтисодиву сиёсӣ ҷорӣ кард.

Таҳримоти Русия алайҳи Туркия, аз ҷумла манъи воридоти маҳсулоти кишоварзии Туркия ба Русияро дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0