ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Русия ба ин бовар аст, ки Туркия амалиётеро, ки дар қаламрави Ироқ анҷом дод, дар Сурия такрор нахоҳад кард, иброз дошт намояндаи доимии ФР дар СММ Виталий Чуркин.
Шӯрои амнияти СММ зимни як ҷаласаи пушти дарҳои пӯшида мавзӯъи воридшавии неруҳои низомии Туркия ба қаламрави Ироқро баррасӣ кард.
"Бовар дорем, ки нигаронии дабири кулли СММ ва бархе аз аъзоёни Шӯрои амнияти ин ниҳод ба ҳукумати Туркия мерасад ва "сари гарм"-и Анқара каме хунук хоҳад шуд. Туркия бояд вазъро дар Ироқ танзим кунад, ки он ба нафъи Бағдод анҷом шавад",- гуфт Чуркин.
Ӯ ҳамчунин изҳори боварӣ кард, ки Туркия дар қиболи Сурия як амали монанд ба Ироқро такрор нахоҳад кард.
Ба иттилоъи мақомоти Ироқ, рӯзи 4 декабр сарбозони артиши Туркия ва теъдоде аз техникаи низомии он кишвар бо баҳонаи тамриндиҳӣ ва омӯзиши ҷангиёни курд вориди минтақаи Найнавои Ироқ гардиданд. Бағдод ин амали Анқараро мувофиқанашуда ва "амали душманона" номид.