Душанбе: ситоди омодагӣ ба Олимпиада-2016 баргузор шуд

© SputnikАҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Натиҷаҳои нишондодаи насли нави варзишгарони тоҷик масъулинро умедвор мекунад, ки варзишгарони мо чанд роҳхатро ба даст меоранд.

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи ситод оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки рӯзи 5 декабр дар Душанбе таҳти раёсати Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, барпо гардид, зикр шуд, ҳоло варзишгарони тоҷик дар риштаҳои мухталиф ба Олимпиадаи соли 2016 омодагӣ мебинанд.

"Варзишгарони мо дар сабқатҳои литсензионӣ, аз қабили бокс, гуштии озод ва юнониву румӣ, дзюдо ва таэквондо ВТФ барои ширкат роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 тайёрӣ мебинанд",- қайд кард Абдуллозода.

Ӯ афзуд, ки варзишгарони тоҷик аз таъсиси Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, рӯҳбаланд гардида, ба натиҷаҳои баланд ноил шуданд. Дар айни ҳол 20 нафари онҳо барои гирифтани ин ҷоиза ба Комиссияи ҳукуматӣ пешниҳод гаштаанд.

Дилшод Назаров бо ордени Шараф сарфароз гардид. 28 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров ордени Шараф супурд

"Миёни онҳо онҳо гурзандоз Дилшод Назаров мавқеи хоса дорад. Вай дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин мақоми дуввумро касб намуда, инчунин дар Чин ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт",- афзуд раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров ягона варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро гардидааст. Ҳамчунин, натиҷаҳои насли нави варзишгарони тоҷик дар намудҳои олимпии варзиш дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ байни наврасону ҷавонон, ба мисли Хуршед Маҷидов ва Фаррухи Салим (ҳар ду — дзюдо), Малика Лагутенко (тирандозӣ), Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ) ва дигарон қобили қайд аст.

Дар ин ҷаласа Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зикр намуд, ки барои татбиқи "Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро" аз ҳисоби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва сарпарастон маблағи зарурӣ ихтисос дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0