Мексика: аквалангистка дар либоси Бобои барфӣ дар аквариуми моҳиҳо

Обуна шудан
Духтарак бо либоси Бобои барфӣ барои тамошобинони боғи зоологӣ дар Мексика намоиши ҷолибе омода кард, ӯ дар аквариуми моҳиҳо ғӯта зада, хотири онҳоро болида сохт. Навори мазкур дар ин бора нақл мекунад.

Намоиши қабл аз солинавӣ барои кӯдаконе, ки аз боғи зоологии Мексика дидан мекарданд, омода гардид. Корманди илмии боғи ҳайвоноти Гвадалахар либоси Бобои барфиро ба бар карда, бо воситаи акваланг ба аквариуми моҳиҳо ғӯта зад.

Тамошобинони наврас аз ин рафтори Санта (Бобои барфӣ)-и ғайриоддӣ ба ваҷд омада, ҳаракату амали ӯро аз беруни шиша бо шавқ наззора мекарданд. Биолог аз даруни аквариум ба тамошобинон бӯсаҳои ҳавоӣ ирсол медошт, рақс мекард ва барои акс гирифтан сари по меистод.

Кормандони боғи вуҳуш иброз медоранд, ки ин на танҳо шоу, балки бояд як намуди иртибот бо кӯдакони хурдсол бошад.

"Мо иртиботи бевосита (интерактив)-ро бо бачагон ба роҳ мемонем, то ки онҳо худро озоду мустақил эҳсос намояд ва тӯҳфае ғайриоддӣ барои Соли навро дошта бошанд",- гуфт Перла Мендоза, ки панҷ сол боз бо либоси Бобои барфӣ дар аквариуми моҳиҳо шино мекунад.

Боғи ҳайвоноти Гвадалхар- яке аз маъруфтарин ва маъмултарин мавзеъҳо дар Амрикои Лотинӣ мебошад. Чанде қабл дар ҳудуди он дар Мексика нахустин аквариумро ифтитоҳ карданд, ки дар он 95 намуди моҳиҳо нигоҳубин мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0