Медведев муҳлати баррасии мақоми низомиёни ФР дар Сурияро кӯтоҳ кард

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкДмитрий Медведев. Акс аз бойгонӣ
Дмитрий Медведев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазороти мудофиа, меҳнат, саноату тиҷорат ва молияи Русия бояд то рӯзи 10 декабри соли 2015 масъалаи ба иштирокчиёни амалиёти низомии Сурия додани мақоми собиқадориро баррасӣ карда, ба итмом расонанд.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Нахуствазири Федератсияи Русия Дмитрий Медведев муҳлати баррасии масъалаи марбут ба эътирофи мақоми низомиёни русро дар Сурия то 10 декабр ихтисор кард, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии ҳукумати ин кишвар.

Таваллуди “Русия” дар Сурия

"Вазорати мудофиаи Русия, вазорати меҳнат, вазорати саноату савдо ва вазорати молияро зарур аст, ки масъалаи ворид кардани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории ФР дар мавриди додани мақоми собиқадори ҷанг ба шаҳрвандони Русия, ки ба Ҷумҳурии арабии Сурия барои анҷоми вазифа фиристода шудаанд, то рӯзи 10 декабр баррасӣ намоянд",- омадааст дар иттилоъия.

Қаблан, раисҷумҳури Русия Владимир Путин ин масъаларо барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод карда, то 20 декабр муҳлат дода буд. Ин супориш 1 октябр, пас аз баргузории ҷаласаи шӯрои назди президент оид ба рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ ироа шуд.

Маврид ба ёдоварист, неруҳои ҳавоии Русия баъд аз муроҷиати расмии Димишқ дар охири моҳи сентябри соли равон ба Сурия сафарбар шуданд. Дар номаи раисҷумҳури Сурия Башшор Асад аз Владимир Путин дархост шуда буд, ки ба хотири мубориза бо терроризм неруҳои ҳавоии Русия ба ин кишвар сафарбар шаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0