ВКД: ҳалокати ду ноболиғ дар пайи ноуҳдабароии ронандаҳо

© Sputnik / Александр Нестеров / Гузариш ба медиабонкСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Санаи 5 декабри соли равон дар шоҳрои Қумсангир-Панҷ ҳам садамаи нақлиётии маргбор ба қайд гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ноуҳдабароии ронандаҳо боиси ҳалокати се нафар, аз ҷумла ду ноболиғ дар давоми рӯзҳои истироҳатии ахири ҳафтаи гузошта шудааст, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии кишвар.

Рӯзи 6 декабри соли равон ронандаи 23-солаи мошини "Тайота-Кемрӣ" дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Румӣ пиёдагарди 10-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа духтарча, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

По дороге в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Айнӣ бар асари садама 4 нафар ҷон бохтанд

"Ин рӯз ронандаи автомашинаи "Опел-Зефира дар ҳудуди деҳаи Ҷангалак аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи "ВАЗ-21099" бархӯрда, пиёдагарди 6-соларо пахш намудааст, ки писарбачаи ноболиғ бар асари бардоштани захми зиёд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — меафзояд манбаъ.

Санаи 5 декабри соли равон дар шоҳроҳи Қумсангир-Панҷ ҳам садамаи нақлиётии маргбор ба қайд гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи 27-солаи автомашинаи "Мерседес-Бенс" дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Намуна аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба трактори тамғаи "МТЗ-82" бархурдааст.

Дар натиҷаи ронандаи "Мерседес-Бенс" ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0