https://sputnik.tj/20151204/1017801031.html
Суғд: дар Хуҷанд барои маъюбон аробача месозанд
Суғд: дар Хуҷанд барои маъюбон аробача месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Иқдоми мазкур як тасмими хубест барои маъюбону шахсони имконияташон маҳдуд дар рӯзи байналхалқии маъюбон, ки ҳамасола дар аввали моҳи декабр таҷлил мегардад. 04.12.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-12-04T09:21+0500
2015-12-04T09:21+0500
2021-07-07T17:54+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101778/79/1017787991_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_f4ba70343601b85d0539711c4398d9f3.jpg
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саноат, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, хуҷанд, суғд, ҳилоли ахмари тоҷикистон, коргоҳи протезӣ-артопедӣ, бо маблағгузории чин, маълулон, дасту пойи сунъӣ
дар тоҷикистон, саноат, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, хуҷанд, суғд, ҳилоли ахмари тоҷикистон, коргоҳи протезӣ-артопедӣ, бо маблағгузории чин, маълулон, дасту пойи сунъӣ
Суғд: дар Хуҷанд барои маъюбон аробача месозанд
09:21 04.12.2015 (Навсозишуда: 17:54 07.07.2021) Иқдоми мазкур як тасмими хубест барои маъюбону шахсони имконияташон маҳдуд дар рӯзи байналхалқии маъюбон, ки ҳамасола дар аввали моҳи декабр таҷлил мегардад.
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар соли бунёди коргоҳи истеҳсоли аробачаҳои маъюбӣ дар назар аст, мегӯянд масъули раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукумати минтақа.
Бо назардошти талаботи зиёди шахсони ба ҳаракати мустақил ниёздошта ва маълулон, инчунин ашхоси ба дасту пойи сунъӣ ниёздошта ин тасмим аз сар гирифта шудааст.
Дар моҳи апрели соли оянда бо ибтикори ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон ва бахши вилоятии он ва бо ҳамдастии мақомоти вилояти Суғду маблағгузории ширкати чинӣ дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи протезӣ-артопедӣ ва аробачаҳои маъюбӣ бунёд хоҳад шуд.
Ин корхона ба ғайр аз сохтани аробачаҳои маъюбӣ, ба таъмиру фурӯши кисмҳои эҳтиётии он ва сохтану васл кардани дасту пойи сунъӣ низ машғул хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 80 нафар барои шинонидани дасту пойи сунъӣ эҳтиёҷ дошта, теъдоди маъюбон дар маҷмӯъ ба 56 ҳазор нафар мерасанд. Аз ин шумора, 15 500 нафараш маъюби гурӯҳи 1 ва 3 ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба чунин шахсони имконияташон маҳдуд беш аз 100 аробача такдим мешавад.