Имрӯз сокинони тамоми гӯшаву канори олам аз Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил менамоянд. Албатта, ин санаро намешавад, ид гуфт, чун маъюб буданро намешавад, таҷлил карду ҷашн гирифт.
Бояд гуфт, ҳангоми сухан гуфтан дар бораи ин қишр суханвар талош мекунад, аз гуфтани калимаи худи "маъюб" бипарҳезад, чун гуфтани он на онқадар аз рӯи одобу ахлоқ рост меояд ва ба ҷои он бештар ибора ё худ истилоҳи "афроди дорои имкониятҳои маҳдуд" истифода мешавад.
Бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии маъюбон Sputnik тасмим гирифт, шароитҳои фароҳамшуда барои маъюбонро аз назар бигзаронад.
Қаҳрамони мо Ғулом Назаров ном дораду сокини 34-солаи пойтахт мебошад, ки модарзод маълул ба дунё омадааст. Ғулом як умр болои аробачаи маъюбӣ менишинаду мисли ҳамаи мову Шумо пой дорад. Вале на ҳама шароит барои "пой"-ҳои ӯ дар кучаву хиёбонҳои пойтахт фароҳам шудааст.