ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Гузаргоҳи марзии "Қулма- Қарасу" дар сарҳади Тоҷикистону Чин ба реҷаи фаъолияти зимистона гузашт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Хадамоти гумрук.
Бо сабаби хунукӣ ва боришоти шадиди барф дар ин мавзеъи марзии баландкӯҳ, воқеъ дар қаламрави ВМКБ тасмим гирифта шуд, ки гузаргоҳ ба реҷаи зимистонаи фаъолият гузарад. Ҳамин тавр, дар як моҳ ҳамагӣ ҳашт рӯз убуру мурури нақлиёт иҷоза дода мешавад.
Бино ба иттилоъи манбаъ, гузаргоҳи "Қулма-Қарасу" барои убуру мурури нақлиёт 8, 9, 10, 11, 22, 23, 24 ва 25- уми декабр, 5, 6, 7, 8, 19, 20, 21, 22- уми январ, 1, 2, 3, 4, 16, 17, 18, 19- уми феврал, 1, 2, 3, 4, 16, 17, 18, 19-уми март ва 5, 6, 7, 8-уми апрел боз мебошад.
Дар Вазорати нақлиёт мегӯянд, шурӯъ аз соли 2012 гузаргоҳи марзии "Қулма-Қарасу" ба таври доимӣ дар сол фаъолият дорад. Аммо ба иллати вазъи ноҷӯри ҳаво ва сардиҳо ҷониби Чин тасмим гирифт, ки реҷаи махсуси фаъолияти он аз сар гирифта шавад.
Гузаргоҳи "Қулма" дар баландии 4500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, дар фасли зимистон бо сабаби номусоидии ҳаво аксар вақт баста буд.