ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон 22 корманди дӯконҳои "Тоҷиксодиротбонк", "Тоҷпромбонк", "Соҳибкорбонк" ва ташкилоти қарзии "Васлат"-ро ба ҳаннотиву вайрон кардани санадҳои меъёрӣ муттаҳам карда, ҷаримаи ҳангуфт баст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳоди молӣ.
"Барои даст задан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ин дафъа нисбати бисту ду нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳи қарзӣ, ки ба ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор сабабгор шудаанд, чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ намуд",- омадааст дар хабари мунташиршуда.
Зимнан, гурӯҳи фаврии муштараки БМТ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия "дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ҶСП "Тоҷпромбонк", ҶСК "Соҳибкорбонк" ва ТАКХ "Васлат" ҳолатҳои вайрон кардани талаботҳои қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъори хориҷӣ, аз қабили камомаду бешомади маблағҳои пулӣ, мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридораи бонк ошкор" кардааанд.
Ёдрас менамоем, рӯзи гузашта Бонки миллӣ эълом дошт, ки дар Тоҷикистон тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва саридораҳои ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд. иттилоъ медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар робита ба ин, Раёсати бонки мазкур дастурамали №211 "Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ"-ро қабул кардаст, ки пас аз он нашри расмӣ дар амал татбиқ мешавад.