Sputnik
Омина Исҳоқӣ, ҳамватани мо, ки тӯли чандин солҳост, дар шаҳри Вена кору зиндагӣ менамояд, ахиран маҷмуаи ҷолиби меъмориеро дар қароргоҳи СММ дар пойтахти Утриш мушоҳида кардааст.
Ин айвонча сохти шарқӣ буда, зери он чаҳор донишманди маъруфи форсу тоҷик Ибни Сино, Умар Хайём, Закариё Розӣ ва Абӯрайҳон Берунӣ нишастааст.
Омина барои Sputnik ҷузъиёти роҳ ёфтани ин маҷмуа ба маркази Аврупоро дастрас кард.
Моҳи июни соли 2009 ҳукумати Эрон ин маҷмуаро ҳамчун рамзи пешрафти илмии мусоламатомез ба қароргоҳи СММ дар шаҳри Вена туҳфа кардааст.

Аз тарафи рости қароргоҳи СММ пиёдароҳае вуҷуд дорад, ки то назди ин айвончаи ёдгорӣ мебарад. Зери айвонча чаҳор донишманди форсу тоҷик нишаастанд, ки бо илму дониши худ дар олам машҳур гаштаанд.
Дар тӯли таърих донишмандони форсу тоҷик дар тавсеаи илм дар ҷаҳон нақши муҳиме доштанд ва ҳатто бархе аз онҳо инқилоби илмиеро анҷом доданд, ки боиси сабти номи онҳо барои ҳамешагӣ дар таърихи башарият гардид.
