Барои нахустин бор аст, ки ҳавопаймоҳои низомии Су-24-и Русия барои иҷрои супориши ҳарбӣ на фақат бо бомб, балки муҷаҳҳаз бо мушакҳои миёнапарвоз ва дурпарвози навъи "ҳаво-ҳаво" ("воздух-воздух") ҷиҳати ҳимоят дар ҳарими ҳавоии Сурия парвоз карданд. Дар ин бора ба хабарнигорон намояндаи Неруҳои ҳарбӣ- кайҳони ФР Игор Климов иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, ин мушакҳо дар ҳаво то масофаи 60 километр ҳама гуна ҳадафро нобуд карда метавонанд.
Тасмими муҷаҳҳазгардонии ҳавопаймоҳои ҷанганадаи русӣ пас аз 24 ноябр (баъди суқути Су-24-и мутаалиқ ба ВМ ФР) аз сар гирифта шуд. Он рӯз нерӯҳои ҳавоии Туркия ҳавопаймои Русияро дар ҳарими ҳавоии Сурия суқут доданд. Ду узви экипажи ҳавопаймои СУ-24 тавассути парашют худро аз ҳавопаймои суқуткарда берун андохтанд, вале ҳангоми фуромадан ба оташи чирикиҳои Сурия дучор шуданд.
Бар асари ин қумандони ҳавопаймо Олег Пешков кушта шуд, вале штурмани ҳавопайморо бо анҷоми як амалиёти нирӯҳои вижаи артиши Русия, ки дар ҷараёни он як сарбози қарордодии рус кушта шуд, берун оварданд.