ВАО: эҳтимол аст, ширу гӯшти туркиро ба Русия роҳ надиҳанд

© Sputnik / Руслан КривобокГӯштҳо дар сардхона
Гӯштҳо дар сардхона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯйхати тамоми таҳримҳои иқтисодии Русия алайҳи Туркия то 1 декабри соли равон нашр хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Эҳтимол меравад, мақомоти Русия воридоти гӯшти яхнии ҳайвони шохдор ва парранда, мева, сабзиҷот ва маҳсулоти ширию баҳриро ба кишвари худ манъ кунанд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба "Известия".

Ин нашрия такя ба суханони манбаъи худ дар Вазорати кишоварзии Русия навиштааст, ки ба ба рӯйхати маҳсулоти манъшуда инчунин метавонад, навъҳои гуногуни гӯши шӯр, маҳсулоти ширӣ, аз қабили паниру каш, маҳсулоти бидуни локтуз, тамоми навъи моҳӣ (аз ҷумла маҳсулоти баҳрӣ) ва тамоми навъи меваю сабзиҷот дохил шавад.

Бинои Вазорати умури хориҷаи ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти ВКХ ҶТ дар бораи сарозер шудани Су-24-и Русия

Рӯйхати тамоми таҳримҳои иқтисодии Русия алайҳи Туркия то 1 декабри соли равон нашр хоҳад шуд.

Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам бо қабули як қарор ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни ду кишвар ва ба кор гирифтани шаҳрвандони Туркия дар ширкату корхонаҳои Русия аз 1 январи соли 2016 ба ин тарафро манъ кард. Инчунин, ба манъ ё маҳдуд кардани фаъолияти ширкатҳои туркӣ дар Русия дастур дода, хост, воридоти баъзе аз колоҳои туркӣ ба ин кишвар манъ, ё маҳдуд карда шавад.

Равобити дӯстии Русия ва Туркия замоне ба сардӣ гаравид, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия дар Сурия аз ҷониби неруҳои низомии Туркия сарнагун шуд.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ин ҳавопаймо тавассути зарбазани "F-16"-и марбут ба неруҳои турк дар қаламрави Сурия, дар 4 километрии марзи Туркия ба замин сарозер гардид. Ҷаноби Путин ин қазияро ҳамчун "ханҷарзанӣ аз пушт" аз ҷониби шарикони террористҳо унвон кард.

Лентаи хабарҳо
0