ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар Туркия вазирони энержии Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқи ниҳоии бунёди хутути минтақаии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000-ро ба имзо расониданд.
Бино ба иттилоъи расонаҳои хориҷӣ, дар марҳилаи аввали иҷрои тарҳ ба ҳадафи пайвастани шабакаи барқи Қирғизистон ва Тоҷикистон, сохтусози хатти интиқоли барқ (ХИБ)-и 500 кВ дар масири Додхоҳи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон барномарезӣ шудааст.
Ҳамчунин, тибқи тарҳи мазкур бунёди ХИБ-и баландшиддат аз тариқи Афғонистон то Пешовари Покистон барномарезӣ шуда, қарор аст, дар имтидоди он истгоҳи фаръии табдилкунандаи барқ сохта шавад. Покистон воридоти нерӯи барқ ба ҳаҷми солонаи 1000 МВт-ро аз соли 2017 аз тариқи ин хат барномарезӣ кардааст.
Иҷрои ин тарҳ ба Тоҷикистон ва Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Покистон солона 1300 МВт нерӯи барқ содир кунанд.
Ёдовар мешавем, ки хазинаи куллии бунёди қитъаи тоҷикистонии CASA-1000 бо шумули вомҳову кумакпулиҳо аз 351 миллион доллар иборат аст. Саҳми ҳукумати ҶТ дар ин тарҳ ҳамагӣ 15 миллион доллар арзёбӣ мегардад. Қарор аст, ин тарҳи энержии минтақаӣ соли 2020 ба анҷом расад.
Арзиши куллии тарҳ беш аз 1 миллиард доллар мебошад. Иҷрои тарҳ барои Тоҷикистон 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион доллар, Афғонистон 354 миллион доллар ва Покистон 209 миллион доллар ҳазина дорад.