Чархболи Ми-8 дар Краснодар суқут кард. Навор аз маҳалли ҳодиса

Обуна шудан
Чархболи Ми-8 мутаалиқ ба ширкати "Турухан", ки 22 мусофир ва се сарнишин дошт, дар ноҳияи Турухани кишвари Краснодар ба садама дучор гардида, ба замин сарозер шуд. Навори мазкур аз маҳалли суқути чархбол бардошта шудааст.

Умури наҷотдиҳӣ дар маҳалли суқути чархболи Ми-8 дар кишвари Краснодар идома дорад. Ба иттилоъи расмӣ дар чархбол се сарнишин ва 22 мусофир ҳузур доштанд.

Ҳодиса дар дукилометрии фурудгоҳи Игарка субҳи 26-уми ноябр иттифоқ уфтод. Дафтари матбуотии ВҲФ ФР мегӯяд, чархбол дар наздикии соҳили рудхонаи Енисей ба садама дучор шудааст.

Ба иттилоъи Додситонии нақлиётии Сибири Ғарбӣ аснои суқути чархбол 10 нафар, аз ҷумла се сарнишини он ба ҳалокат расидаанд. 15 тани боқимонда бо ҷароҳатҳои гуногун ба шӯъбаи эҳёгарии касалхонаи Игарка мунтақил шудаанд.

Имрӯз дар кишвари Краснодар рӯзи мотам эълон гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0