ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Аз 25 ноябри соли ҷорӣ фаъолияти ташкилоти амонатию қарздиҳии хурди "Буроқ-1" дар Тоҷикистон қатъ гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, "Буроқ-1" чун ташкилотҳои қарзии дигари аз фаъолият бозмонда, натавонист андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеиро таъмин кунад.
"Сатҳи миёнаравии молиявии ин ташкилотҳо вақтҳои охир дар бозори молиявии ҷумҳурӣ коҳиш ёфта буд", — афзудааст манбаъ.
Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаи ин ташкилоти амонатии қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда мешавад.
"Илова бар ин, мақомоти ваколатдори ташкилоти номбурда уҳдадор карда шуд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳад. Ҳамчунин комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор гардид, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд", — менависад сомонаи мазкур.
Ин дар ҳолест, ки Бонки Миллӣ бо қарорҳояш аз 13 ноябр фаъолияти 7 ташкилоти қарзии хурд ва пеш аз он кори 5 ташкилоти дигарро бо дархости худи онҳо ва вазъи бади молиявияшон қатъ кард.