Тайи ду соли ахир намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қисмҳои низомии Тоҷикистон санҷиш мегузаронанд. Давоми соли равон ин гуруҳ дар 4 қисми низомии кишвар санҷиш гузаронидааст.
Дар ҳамин робита хабарнигори Sputnik ба суроғи ваколатдори ҳуқуқи инсон (омбудсмен) рафт ва аз масъулини ин ниҳод пурсид, ки ҳолу ҳавои артиши миллӣ чӣ гуна асту сарбозон чӣ мушкиле доранд? Нахуст ба пурсишҳои мо муовини сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии дастгоҳи ин сохтор Ҳусниддин Нидоев посух гуфт, ки алъон фишурдаи онро ба шумо пешниҳод менамоем.
- Гуруҳи мониторинги чӣ хел таъсис дода шуд ва ба он киҳо шомил шуданд?
— Бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 6 августи соли 2013 гуруҳи корӣ оид ба ташриф ва мониторинги муассисаҳои пӯшида ва инчунин қисмҳои ҳарбӣ иборат аз 12 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Дар гуруҳи корӣ намояндагони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Дастгоҳи иҷроияи президент, парлумон, додситон ва мақомотҳои додгоҳии Тоҷикистон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин аъзоёни эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа, ки аз 24 нафар иборат мебошанд, шомил гардиданд.
Гуруҳи мониторингӣ ин зергуруҳи гуруҳи корӣ мебошад. Чунки гуруҳи мониторингӣ аз қисмҳои низомӣ, муассисаҳои пушида санҷиш мегузаронад ва дар назди гуруҳи корӣ ҳисобот медиҳад. Мо ба гуруҳи мониторингӣ шомил ҳастем.
- Тарзи гузаронидани мониторинг аз кадом шева иборат буд?
— Усули гузаронидани он ин хел аст, ки ду нафар аз намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ду нафар аз намояндагони Эътилофи зидди шиканҷа ба ду гуруҳ ҷудо шуда як гуруҳ бо хизматчиёни ҳарбӣ, яъне сарбозону афсарон танҳо ба танҳо суҳбат менамуданд. Дар дасти онҳо анкетаҳо буд, ки аз рӯи он савол дода ҷавоби мушаххас мегирифтанд. Гуруҳи дуюм бошад, аз ҷои хоб, ошхона, ҳаммом, китобхона, ҳатто ҳоҷатхона ва дигар ҷойҳо дидан менамуд. Қабл аз санҷиш боз барои гуруҳи дуюм низ саволнома тайёр карда будем, ки аз рӯи саволномаҳо ҷавоби мушаххас мегирифтем.
-Мушаххасан гуфта метавонед, ки дар қисмҳои низомӣ аз кадом бахшҳои он дидан кардед?
Қисмҳои ҳарбӣ ба муассисаҳои шакли пӯшида дохил мешавад, зеро ҳимоятҳои сирри давлатӣ ва ҳарбӣ аз он ҷумла аслиҳа, техника воситаҳои махсусро доранд. Аммо мо вақте мегӯем, ки сохторҳои низомӣ муассисаҳои пӯшидаанд, дар назар бояд дошт, ки на ҳамаи биноҳо яъне объектҳои ҳамин сохтори низомӣ пӯшидаанд. Чуноне, оинномаи хазмати давлатӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ҷойҳоеро муайян намудааст, ки дастрасӣ ба онҳо маҳдуд нашудааст. Яъне, ба он ҷо даромадан ва саҷиш гузарондан мумкин аст.
Ин ҷойҳо, яъне сарбозхона (казарма), ошхона, утоқ барои хабаргирандагон, утоқҳои тиббӣ, фароғатӣ, китобхона, толори варзишӣ, майдонча, анбори ғизо, инчунин ҳоҷатхона мебошанд. Ҷойҳое, ки махфӣ аст он ҷойҳоро надидем.
- Тафтишу санҷиш ва ё ба истилоҳ мониторинги Шумо дар чанд ҷузву томи низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар анҷом ёфт?
— Намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ташкилоти ғайридавлатии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", ки аъзои гуруҳи мониторингӣ мебошанд, дар соли 2015 дар 4 қисмҳои низомии кишвар, яъне шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва минтақаи Рашт мониторинг гузаронида шуд.
Ин мониторингҳо бо дастгирии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд. Пеш аз гузаронидани мониторинг Дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба унвони вазири мудофиа мактуб ирсол намуда, дар он маълумот дар бораи мақсади мониторинг ва дар кадом қисмҳои низомӣ гузаронидани ок пешниҳод шуд.
Бояд тасҳеҳ бидиҳам, ки маълумот дар бораи рӯзҳои гузаронидани мониториг гуфта нашуда буд. Яъне қисмҳои низомӣ аз нақшаи ташрифи гуруҳи корӣ хабардор шуда бошанд ҳам аммо аз таърихи он огоҳ набуданд. Ин ба мо имкон дод, ки ташрифи худро ба таври ногаҳонӣ гузаронем.
Ба ғайр аз ин ман гуфтаниям, ки аъзои гуруҳи корӣ тасмим гирифтем, ки ба яке аз қисмҳои ҳарбӣ бе хабардиҳии пешакӣ ташриф оварем ва бинем, ки онҳо намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро чӣ хел қабул мекунанд. Ба ҳамин сабаб мо ба ҷои қисми ҳарбии минтақаи Рашт ба қисми ҳарбии ноҳияи Данғара ташриф овардем.
Дар қисми низомии Данғара роҳбарият умуман аз ташрифи мо дар бораи мониторинг хабардор набуданд. Каме дар назди даромадгоҳ интизор шудем, мақсадамонро фаҳмондем ва ниҳоят моро ба қисми ҳарбӣ роҳ доданд. Соли гузашта дар ҳамин қисми ҳарбӣ як-ду ҳолати ғайрисанитарӣ дида мешуд. Мо ин чизро ба назар гирифта барои ислоҳаш вақт дода будем. Соли ҷорӣ вақте ташриф овардем, ҳамон камбудиҳо аллакай ислоҳи худро ёфта буданд.
-Аслан аз мониторинги як ниҳоде амсоли омбудсмен чӣ чизе дар сохтор ва шеваи фаъолияти қисмҳои низомӣ тағйир меёбад?
— Пеш аз ҳама як чизро гуфтаниям, ки бисёре аз сохторҳои ҳарбӣ дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон кам маълумот доранд. Баъд аз гузаронидани мониторинги мо дар тамоми қисмҳои низомӣ акнун сарбозону афсарони тоҷик бо шахсияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ошноянд. Гуфтаниям, ки мониторинги гузаронидаи мо ба бештари қисмҳои низомӣ таъсир расонд. Қисми низомии №01364-и ноҳияи Данғара аллакай дар ин сол бинояшро пурра таъмир намуда, ҷои хоб ва ғизои аскаронро хуб намудааст. Аз вазорати мудофиаи кишвар ба мо мегӯянд, ки баъд аз гузаронидани мониторинги шумо дар дигар қисмҳои низомии кишвар баъзе камбудиҳое, ки буданд мактуб ирсол намудем, ки ҳамон камбудиҳоро ислоҳ намоянд.
Ба суоли навбатии мо дар мавриди маргу мири сарбозон ва мавҷудияти шиканҷа дар қисмҳои низомӣ муовини сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои занон ва кудакони дастгоҳи мазкур Абдуҳалим Низомов ҷавоб дод.
- Сабаби аслии маргу мири аскарон дар қисмҳои низомӣ чӣ аст? Беморӣ, латукӯб ва ё иллати дигар?
— Вазифаи мо дар мониторинг ин буд, ки бо сарбозону афсарон аз рӯи анкета савол диҳему ҷавобашро гирем. Дар вақти суҳбат бо сарбозон, маълум гашт, ки дар ягон қисми низомӣ шиканҷа вуҷуд надорад. Яъне ба тамоми суолҳои мо ҷавоб доданд, ки шиканҷа дар онҳо вуҷуд надорад. Яке аз суолҳои мо чунин буд, ки "Ҳолатҳои зӯроварӣ аз ҷониби хизматчиёнӣ ҳарбӣ дида мешавад? Тамоми сарбозон ҷавоб доданд, ки не, дида намешавад. Ягон сарбоз нагуфт, ки ҳамин ҳолат дар онҳо ҷой дорад. Шахсан ман то даромадан ба ин қисмҳои ҳарбӣ фикрам дигар буд. Фикр мекардам шароити сарбозон бад аст. Аммо даромада дидам, барои онҳо ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, ягон камбудие ҷой надорад.
-Дар ҷузву томҳои неруҳои мусаллаҳ оё "бузургсолорӣ (дедовшина)" вуҷуд дорад? Агар ҳа, дар кадом сатҳ ва бо кадом шева бо он мубориза бурда мешавад? Зеро дар ин бора ВАО ва ашхоси алоҳида, инчунин аскарони мураххасшуда зиёд мегӯянд…
— Дар ҳақиқат дар ВАО мебинему мехонем, ки дар қисмҳои низомӣ "дедовшина" вуҷуд дорад, аммо дар рафти мониторинг ҳамин чизҳо ошкор нашуданд. Ягон сарбоз ба мо нагуфт, ки шиканҷа ҳаст ё не ва мо худамон низ ин чизҳоро надидем. Сару либоси сарбозон, муносибати роҳбарият бо онҳоро назорат мекардем, ҳамаш хуб буд.
-Дар давоми сол чанд нафар волидони сарбозон ба Шумо шикоят кардаанд ва чӣ чораҳо андешида шуданд?
— Тайи ин сол ба мо се нафар волидони сарбозон шикоят намуданд. Шикояти онҳо аз рӯи даъвати писаронашон ба хизмати ҳарбӣ буд, яъне онҳоро ба таври "боздошти зӯракӣ" (облава) бурдаанд. Аз рӯи дутои он ба прократураи ҳарбӣ мактуб ирсол намудем. Яктои онҳо тасдиқи худро ёфт, нафаре, ки сарбозро ба таври маҷбурӣ бурда буд аз кор озод карда шуд. Як шикояти дигар тасдиқи худро наёфт. Чун волидайн гуфта буданд, ки як писар доранду ӯро маҷбури ба хизмат бурдаанд. Дар натиҷаи тафтишот маълум гашт, ки як писар нею се писар доштаанд. Яке аз шикоятҳо ҳоло дар баррасӣ мебошад. Баъзан вақт мо шикоятҳоро аз ВАО мегирем.
- Натиҷаи мониторинги Шумо кай нашр мешавад?
— Дар мониторинги соли равон 4 қисмҳои низомӣ дар нақша гирифта шуда буд, мо аз ҳар чаҳори онҳо дидан намудем. Аз натиҷаи он як ҳисобот омода карда, охирҳои моҳи декабр бо иштироки мақомотҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ, ВАО ҳисобот медиҳем. Ба ғайр аз ин дар сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон натиҷаи он нашр шуда, боз китобҳои алоҳида бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп хоҳем кард.