ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ин амалкарди Туркия, ки боиси сарнагун шудани ҳавопаймои Су-24-и Русия дар хоки Сурия шуд, ба ҳамсоягии чандинсолаи Анқараву Маскав рахна ворид кард. Бахусус, дар соҳаи иқтисоду башардӯстона, ки ҷуброни он осон нахоҳад буд, гуфт сарвазири Русия Дмитрий Медведев.
Рӯзи сешанбе ҳавопаймои низомии "Су-24"-и Русия дар Сурия сарнагун шуд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ин ҳавопаймо тавассути зарбазани "F-16"-и марбут ба неруҳои турк дар қаламрави Сурия, дар 4 километрии марзи Туркия ба замин сарозер гардид. Ҷаноби Путин ин қазияро ҳамчун "задани ханҷар аз пушт" аз ҷониби шарикони террористҳо хонд.
© RUPTLY