ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо як табаи Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудааст, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, ин амалиёт рӯзи душанбе сурат гирифта, дар натиҷаи гузаронидани кофтукови шахсӣ аз онҳо рӯймоли афғонӣ, ки дар дохилаш се баста бо маводи хамирмонанди бӯи махсус дошта, як адад халта дар дохилаш маводи чоркунҷашакли бӯи махсус дошта дарёфт ва мусодира шудааст.
Инчунин аз боздоштшудаҳо як адад туфангчаи тамғаи "Беретта" бо ду адад тирдонаш ва ҳафт дона тир дарёфт гардидааст.
"Тавре мутахассисони Шуъбаи Экспертизаи судии Агентӣ муайян намуданд, маводи мусодирашуда 5кг 732 гр афюн ва тахминан 11 кг ҳашиш мебошад", — меафзояд манбаъ.
Хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар таъкид кардааст, ки ҳоло зз рӯи ин ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.