ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми телевизионии худ мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи парчами давлатии кишвар, ки ҳамасола дар санаи 24 ноябр таҷлил мешавад, табрик кардааст, менависад сомонаи президент.
Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро ҳамчунин "яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон" номида, таъкид дошт, ки "парчамдорӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи дерина дорад".
"Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст", афзудааст раисҷумҳур.
Раисҷумҳури кишвар гуфтааст, мо бояд чунин фазоеро фароҳам созем, ки минбаъд низ тамоми аҳли ҷомеа ва хурду бузурги кишвар таҳти Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, барои вусъати амалҳои ободкорӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ омода бошанд.
24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон "Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашн гирифта шуд. Дар Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Тоҷикистон барафрохта шуда, таҷлили Рӯзи парчами Тоҷикистон гузаронида шуд.
30 августи соли 2011 дар Душанбе парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр аст ва баландтарин пояи парчами давлатӣ дар мамолики ҷаҳон мебошад. 9 сентябри соли 2011, рӯзи таҷлили 20 — солагии Истиклолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг. гузаронида шуд.