Малика аз синни 7-солагӣ ба тирандозӣ шавқ пайдо кардааст. Он замон модарбузургаш ӯро ба боғ мебурд, то қутиҳоро мавриди ҳадаф қарор диҳаду аз дастовардҳои худ шом ба модараи худ қисса кунад. Модари ӯ — Дилором, ки яке аз тирандозони муваффақ ба шумор меравад, борҳо дар мусобиқоти минтақавию байналмилалӣ иштирок ва соҳиби медал гардидааст.
Ҳоло ӯ мураббии гуруҳи тирандозони тоҷик мебошад.
Малика ҳоло 15 сол дорад, аммо ба ин синни худ нигоҳ накарда, ӯ аллакай медали тило дар мусобиқоти тирандозии Осиёро соҳиб шудааст. Аммо ба ин қонеъ нашуда, омодагӣ ба мусобиқоти навбатии тирандозии Осиёро оғоз кардааст.
Вай ҳоло барои омодагӣ ба хотири иштирок дар мусобиқоти тирандозӣ миёни калонсолон 6 соли пурра вақт дорад. Вале наздикони ӯ бовар доранд, ки дар давоми ин 6 сол Малика соҳиби ҷойҳои намоён дар мусобиқоти тирандозӣ миёни наврасон дар Олмон ва Озарбойҷон хоҳад шуд.