ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Бар асоси созишномаи миёни Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисод (АКФЕД) ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ), ки аъзои Бонки ҷаҳонӣ мебошад, аввалӣ тамоми саҳмияҳои КБМ-ро аз ҷамъияти саҳҳомии «Аввалин бонки молияи хурд» —и Тоҷикистон харидорӣ менамояд, иброз доштанд дар ниҳоди мазкур аснои суҳбат бо хабарнигори Sputnik.
Бояд гуфт, "Аввалин бонки молиявии хурд" (АБМХ) аз соли 2003 то имрӯз дар ҶТ як шабакаи васеи бонкиро бо 7 филиал ва 28 маркази хизматрасонии бонкӣ таъсис додааст.
Ба иттилоъи манбаъ, АБМХ ҳоло бештар аз 60 ҳазор мизоҷ дошта, ҳадафи асосии ин ниҳоди молӣ кумак ба аҳолӣ дар мубориза бар зидди камбизоатӣ бо таъмини дастрасӣ ба маҳсулоти молиявӣ ва бонкӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, таҳти сарпарастии ду саҳмдори асосӣ, яъне АКФЕД ва Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон мебошад.
Феълан, АКФЕД иҷозати Бонки миллии Тоҷикистонро барои ба даст овардани саҳмияҳои АБМХ аз КБМ гирифта, иштирок дар таҳким, рушди иқтидор ва афзоиши АБМХ-ро интизор аст.
"Ин барои мо давраи ҳассос ва пур аз ҳаяҷон аст, зеро мо ба сӯи инкишофи пешниҳоди ҷолиб ва арзишманд дар Осиёи Марказӣ, ки дар оянда метавонад на танҳо дар таҳкими савдои минтақавӣ мусоидат намояд, балки ба рушди иқтисодиёти минтақавӣ оварда расонад, равон мебошем",-гуфт сардори хадамоти молиявии АКФЕД Султон Алӣ Аллана.