ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Вазъи саломатии Элдар Рязанов, ки рӯзи шанбе дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав бистарӣ гардид, вазнин арзёбӣ мешавад.
Қаблан хабар доданд, ки тақрибан соати 07:00-и субҳи шанбе коргардон Элдар Рязанов дар яке аз дармонгоҳҳои марказии Маскав бистарӣ шудааст.
"Вазъи ӯ вазнин мебошад", — гуфтан дар дармонгоҳ.
Рязанов қаблан моҳҳои сентябру октябри соли равон табобат гирифта буд.
Элдар Рязанов коргардони рус, филмноманавис, омӯзгор, нависанда, шоир, драматург ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Филмҳои маъруф ба наворгирифтаи ӯ "Мӯсафедони роҳзан"(Старики-разбойники), "Моҷарои боварнакардании итолиёиҳо дар Сурия" (Невероятные приключения итальянцев в России) "Танзи сарнавишт ё Офият бошад!" (Ирония судьбы, или С легким паром) ва "Ишқи хидматӣ" (Служебний роман) мебошад.