Заминларзаи навбатӣ дар Тоҷикистон

CC BY 2.0 / Ray Bouknight / SeismographСейсмограф. Акс аз бойгонӣ
Сейсмограф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби гузашта дар Душанбе заминларзаи 2-3 балла ба қайд гирифта шуд, ки марказаш Афғонистон гуфта мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон заминларзаи 5 баллиро ба қайд гирифтаанд, ки шаби гузашта соати 23:16 бо вақти Душанбе Тоҷикистонро низ такон дод, иттилоъ доданд ба Sputnik аз маркази мазкур.

Тибқи иттилои зилзилашиносҳо маркази заминларза дар қаламрави Афғонистон, дар 327 километрии ҷанубу шарқии Душанбе қаламрави Афғонистон рух дода иқтидораш дар марказ 5 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил медиҳад.

Паёмади заминларза дар Бадахшон: беш аз 10 хона хароб шудааст

Рӯзи 26 октябри соли равон низ марокизи зилзиласанҷӣ заминларзаи 7,5 баллиро ба қайд гирифтаанд, ки соати тақрибан 14:09 бо вақти Душанбе Тоҷикистонро ҳам такон дода буд. Дар пойтахти Тоҷикистон иқтидори он 5-6 балл гуфта шуд. Ин заминларза инчунин Непал, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистонро ҳам такон дода буд.

Заминларзаи 5-6 баллӣ дар Тоҷикистон талафоти ҷонӣ аз худ боқӣ нагузошт ва танҳо дар вилояти Бадахшон чанд манзили зисти сокинон тахриб гардид.

Лентаи хабарҳо
0