Назарбоеву Ғанӣ амнияти минтақаро баррасӣ карданд

© Flickr \ Ken and NyettaОстона. Акс аз бойгонӣ
Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷараёни дидори раисҷумҳури Афғонистон аз Қазоқистон миёни ин ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ имзо шуда ва дар шаҳри Остона ҳамоиши соҳибкорони қазоқу афғон баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik.  Охири ҳафтаи гузашта президенти ҷумҳурии исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои анҷоми як дидори расмӣ вориди Остона, пойтахти Қазоқистон шуд.

Ба навиштаи расонаҳои хабарӣ, оқои Ғанӣ дар ҷараёни ин сафар бо Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ва Карим Масимов, нахуствазири он кишвар мулоқот анҷом дод.

Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Назарбоеву Путин аз вазъи марзи Тоҷикистон нигаронанд

"Амнияти минтақа ва вазъият дар Афғонистон аз мавзӯъҳои  калидӣ дар ин дидор маҳсуб мешавад. Инчунин, баррасии масоили марбути ҳамкории иқтисодӣ низ сурат гирифт",- иброз доштааст сухангӯи президенти Қазоқистон Даврон Абаев.

Бино ба иттилои манобеъи расмии Қазоқистон, табодули мол  миёни Қазоқистон ва Афғонистон тайи 8 моҳи соли равон ба  200 миллион доллари амрикоӣ баробар гардида, аз як соли қабл бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати хориҷаи Қазоқистон иттилоъияеро нашр кард, ки бар тибқи он ба Афғонистон ба унвони кӯмаки башардӯстона ба миқдори беш аз 20 ҳазор тонна маводи ғизоӣ фиристода, ҳудуди 1000 тан аз ҷавонони афғон дар донишгоҳҳои Қазоқистон ба таври ройгон омӯзиш мебинанд.

Дар ҷараёни дидори раисҷумҳури Афғонистон аз Қазоқистон миёни ин ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ имзо шуда ва дар шаҳри Остона ҳамоиши тоҷирони қазоқу афғон сурат пазируфт.

 

 

Лентаи хабарҳо
0