Додгоҳи олӣ ҳукми Зайд Саидовро бетағйир боқӣ гузошт

© Sputnik / Амир ИсаевБинои Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оқои Саидов аз ҷумлаи тарафдорони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 аз ҳисоби саҳмияҳои 30-фоизаи мухолифин ба мақоми раиси кумитаи саноат расида, дар соли 2001 вазири саноат таъин шуд ва то поёни соли 2006 дар ин мақом кор кард.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми 29 соли ҳабси соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидовро бетағйир боқӣ гузошт.

Ба қавли наздикони ӯ, зинаи болоии Суди Олӣ ҳукми қаблиро, ки тибқи он ҳукми ҳабси соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ аз 26 ба 29 сол тамдид шуд, лағв накард.

Ба 26 соли ҳукми Зайд Саидов 3 сол илова шуд. Бо мусодираи амвол

Расонаҳо дар такя ба суханони пайвандони Саидов менависанд, додгоҳ шикояти онҳоро қонеъ накард, гарчи барои исботи лағв кардани ҳукми зинаи поёнии суд далелҳои кофӣ мавҷуд буд.

Рӯзи 17-уми ноябр Зайд Саидов аз коллегияи судӣ хоҳиш кард, ки  куллан бегуноҳ мебошад, бинобар сабаби ғайриқонунӣ, беасос ва бе далелҳои кофӣ будан ҳукми судиро аз 11-уми августи соли равон нисбати ӯ бекор намоянд.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19 майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм ба камияш 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд.

“Пойтахт”- ро аз Зайд Саидов гирифтанд

Оқои Саидов аз ҷумлаи тарафдорони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 аз ҳисоби саҳмияҳои 30-фоизаи мухолифин ба мақоми раиси кумитаи саноат расид. Ӯ дар соли 2001 вазири саноат таъин шуд ва то поёни соли 2006 дар ин мақом кор кард.

Номбурда баъди рафтанаш аз ҳукумат ба соҳибкорӣ баргашт ва баъди чанде дар ҷумлаи соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон қарор гирифт. Ширкатҳои ӯ бахусус дар риштаи сохтмон муваффақ буданд ва чанд бинои бузург дар пойтахт, аз ҷумла бинои 22-қабатаи "Душанбе-Плаза", мактаби рақами 8 ва дафтари марказии "TCell"-ро ширкатҳои марбут ба Саидов сохтаанд.

Лентаи хабарҳо
0