Дар Фаронса вазъи фавқулодда то се моҳи дигар тамдид шуд

© AP / Thibault CamusАмалиёти пулис дар шаҳраки Сен-Дении Порис
Амалиёти пулис дар шаҳраки Сен-Дении Порис - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо дастури комиссариатҳои полис кормандони ҳифзи тартибот ҳуқуқ пайдо карданд, ки берун аз вақти хидмат ҳам бо худ силоҳ дошта бошанд ва дар сурати ҳамлаи террористӣ аз он истифода баранд.

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Маҷлиси миллии Фаронса рӯзи гузашта вазъи фавқулоддаро дар кишвар то се моҳи дигар тамдид кард.

Вазъи фавқулодда дар Фаронса пас аз ҳамлаҳои террористӣ дар Порис ҷорӣ шуд, ки дар пайи онҳо 129 нафар қурбон гардида, 350 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

ВАО: ташкилкунандаи ҳамлаҳои Порис Абдулҳамид кушта шуд

Зимнан, бо дастури комиссариатҳои полис, кормандони ҳифзи тартибот ҳуқуқ пайдо карданд, ки берун аз вақти хизмат ҳам бо худ силоҳ дошта бошанд ва дар сурати ҳамлаи террористӣ аз он истифода баранд.

Қабл аз раъйдиҳӣ дар парлумон оид ба тамдиди вазъи фавқулодда Мануэл Веллс, нахуствазири Фаронса, аз имкони истифодаи силоҳи кимиёвӣ ё биологӣ дар кишвар аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ҳушдор дод.

Додситони Порис Франсуа Молен аснои суханронӣ дар парлумон гуфт, дар амалиёти ахири мақомот дар пойтахти кишвар ду террорист кушта шуд, яке аз онҳо занест, ки ҳангоми ҳамлаи полис худро тарконидааст.  

Лентаи хабарҳо
0