ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Тими «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, ки дар бозии даври 25-уми лигаи аввали футболи Тоҷикистон бар тими МТО (Марказии тайёрии олимпӣ)-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 7:2 пирӯз шуд, бо медалҳи нуқраи сабқат сазовор гардида, роҳхати дуввумро ба лигаи олӣ дарёфт намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Sputnik иттилоъ доданд, футболбозони "Эсхата" дар чемпионати имсола ба дарвозаи рақибонашон аз ҳама бештар — 78 тӯб задаанд. Бозигарони даста, Ҳусейнхон Ҷалолов (26 тӯб) ва Абдумалик Шодиев (20 тӯб) дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа ҷойҳои аввалу дуввумро соҳиб гардидаанд.
Дар ҳамин ҳол, барои медалҳои биринҷии мусобиқаи имсолаи лигаи аввал ду даста — "Панҷшер"-и ноҳияи Румӣ ва "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷ мубориза мебаранд. "Панҷшер", ки дар даври гузашта дар майдони худ рақиби аслиаш — "Ҳулбук"-и Восеъро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, бо 49 имтиёз аз 23 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи севум мебошад. "Саройкамар", ки дар даври 25-ум дар майдони худ бар "Ҳосилот"-и Фархор бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, бо 44 имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудааст.
Маврид ба ёдоварист, тими "Ҳосилот", ки пешакӣ ғолиби мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон гардид, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи соли ояндаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шудааст.