Тирандозони рус бо “Гвоздика” кӯҳҳои Тоҷикистонро нишон гирифтанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкТамрини таълимӣ. Акс аз бойгонӣ
Тамрини таълимӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аснои тамрини таълимӣ артиллеристони рус аз Округи ҳарбии Марказӣ шиллики тирро аз воҳиди худрави “Мехчагул” (Гвоздика) ба тарафи душмани эҳтимолӣ машқ карданд.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҷузву томҳои Округи низомии Марказии марбути Вазорати дифоъи Русия дар тамриноти таълимӣ бо шиллики тир аз тӯпхона дар кӯҳҳои Қаршитави Тоҷикистон душмани эҳтимолиро маҳв карданд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии ОНМ.

Қисми низомии пойгоҳи 201-уми ФР аз Кӯлоб мебарояд: сокинон нигаронанд

"Тамрини таълимӣ ва тирпарронӣ ҳам рӯзона ва ҳам шабона дар пойгоҳи таълимии Лоҳур, воқеъ дар 40-километрии Душанбе сурат гирифт",- омадааст дар иттилоъия.

Бояд тазаккур дод, ки пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар 3 шаҳр — Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб гарнизон дорад. Ин пойгоҳ бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои заминии артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад.

Дар соли 2012 Тоҷикистон бо имзои як қарордод бо ҳукумати Русия замони будубоши пойгоҳи 201-ро то соли 2042 тамдид кард.  

Лентаи хабарҳо
0