Чин аз ҳама пеш ҷангандаҳои муосири Су-35-ро харид

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗарбазани Су-35. Акс аз бойгонӣ
Зарбазани Су-35. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чин нахустин кишваре мебошад, ки Русия бо он дар мавриди хариду фурӯши навтарин ҷангандаи Су-35 ба тавофуқ мерасад

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Русия ва Чин дар мавриди хариду фурӯши 24 ҳавопаймоии ҷангии Су-35 тавофуқномаеро имзо карданд, хабар додааст сардори бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сиёсати минтақавии ширкати "Ростех" Виктор Кладов.

"Музокироти тулонии дуҷониб бо имзои тавофуқнома дар мавриди интиқоли 24 ҳавопаймои ҷангии Су-35 ба Чин анҷом ёфт", — гуфтааст ҷаноби Кладов.

Ӯ дар идома илова кард, ки дар ҳоли ҳозир Чин нахустин кишваре мебошад, ки Русия бо он дар мавриди хариду фурӯши навтарин ҷангандаи Су-35 ба тавофуқ мерасад.

"Чин нахустин кишваре мебошад, ки ба он ҳавопаймои ҷангити Су-35 интиқол дода мешавад ва ин албатта, баёнгари ҳамкориҳои мутаҷобилан судманд ва шарикии воқеии стратегии дуҷониб аст", — афзудааст ӯ.

Лентаи хабарҳо
0