ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Нахуствазири Покистон Навоз Шариф рӯзи чаҳоршанбе аз шаҳри Самарқанд боздид кардааст. Ба меҳмонон на танҳо манзараҳои диққатангези шаҳри бостонӣ, балки заводи нави мошинбарориро ҳам нишон доданд, навиштааст Sputnik-и Ӯзбакистон.
Дар рӯзи дуюми сафари худ ба Ӯзбакистон Навоз Шариф дар ҳамроҳӣ бо нахуствазири ин кишвар Шавкат Мирзоев аз шаҳри Самарқанд боздид кард, ки дар онҷо бо маҷмааи Имом Бухорӣ ва санъати назаррабои меъмории шаҳр ошно гардид.
Ба гуфтаи меҳмонон, тамошои ин шаҳр, ки ҳамчун рамзи фарҳанги бостонӣ ва нишонаи давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ба онҳо таассуроти фаромӯшнашуданӣ гузоштааст.
Оромгоҳи амир Темур ва маҷмааи Регистон ҳам ба меҳмонон таассурот гузошта, онҳо бо як шавқу рағбати зиёд намоишгоҳи масолеҳи дастии маҳаллиро ҳам тамошо кардаанд.
Ҳайати Покистон дар ҷараёни ин сафар инчунин шоҳиди намоишгоҳи мошинҳои боркаш ва автобусҳои мусофирбару техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Узбакистон шудаанд. Диққати меҳмононро мошинҳои боркашу автобусҳои мусофирбари истеҳсолшаванда "МАN" ва "Isuzu" дар заводҳои шаҳри Самарқанд — "JV MAN Auto Uzbekistan" ва "СамАвто" ҷалб кардааст.
"Ин техникаҳо аз рушди бемайлони соҳаи саноати Ӯзбакистон хабар медиҳад. Мошинҳои боркаш ва таҷҳизоти муосири кишоварзии истеҳсолшаванда дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфӯз баёнгари дурнамои ҳамкориҳои самарабахш бо Узбакистон аст", — гуфтааст Навоз Шариф.
Субҳи имрӯз дар шаҳри Тошканд музокироти дуҷониба миёни раҳбарони Ӯзбакистону Покистон баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ин мулоқот вазъ дар Афғонистон, ҳамгироии Покистон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду тарафро баррасӣ карданд. Дар ҳошияи ин музокирот як қатор санадҳо ба имзо расид.