Амалиёти дуюми нерӯи ҳавоии Фаронса алайҳи ДИИШ

Обуна шудан
Зарбазанҳои нерӯи ҳавоии Фаронса ба бомборон кардани мавзеъҳои ҷангиёни созмони террористии ДИИШ дар хоки Сурия идома медиҳанд. Дар ин навори видеоӣ метавонед, бубинед, ки чи гуна мавзеъҳои таҳти идораи ДИИШ дар Раққаҳи Сурия рӯзи сешанбе мавриди ҳадаф қарор гирифтанд.

Амалиёти дуюми нерӯи ҳавоии Фаросан алайҳи ДИИШ баъд аз ҳаводиси 13 ноябри Порис дар хоки Сурия анҷом ёфт. Дар доираи ин амалиёт ҳавопаймоҳои зарбазани Фаронса дар шаҳри Раққаҳ мавзеъҳои ҷангиёни ин созмони террористиро бомбборон карданд.

Вазири дифои Фаронса Жан-Ив Ле Дриан гуфт, бомбборони марказҳои ДИИШ дар Сурия тавассути зарбазанҳои онҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Қаблан Вазорати дифоъ аз шуруи амалиёти нерӯи ҳавоии ин ниҳод дар хоки Сурия алайҳи ДИИШ хабар дода буд.

Ба қавли масъули баландпояи Вазорати дифои Фаронса, то субҳи 15 ноябр ҳавопаймоҳи ҷангии ин ниҳод 20 бом ба минтақаҳои таҳти идораи ДИИШ дар шаҳри Раққаҳи Сурия партофтаанд, ки анбори аслиҳа ва як тамрингоҳи ин созмони террористиро нобуд кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0