Лавров: сарозер кардани "А321" маънои ҳамла ба Русияро дорад

© Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкБВазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров
БВазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи ӯ, ҳуқуқи ҳифозат аз худ дар асоси имкониятҳои мавҷудаи сиёсию низомӣ аз тариқи хадамоти вижаю иктишофӣ ва ғайра сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Куштори русҳо дар натиҷаи сарозер кардани ҳавопаймои "А321" дар нимҷазираи Сино баробари ҳамла ба хоки Русия аст ва Маскав ҳам барои ҳимоят аз худ аз тамоми чораҳо кор хоҳад гирифт, гуфт вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Лавров рӯзи чаҳоршанбе.

"Дар мавриди иқдомҳои мо (ҷустуҷӯӣ ва муҷозоти дастандаркорони ин ҳодиса) метавон гуфт, ки онҳо бар асоси моддаи 51-и Ойинномаи СММ сурат хоҳанд гирифт. Ин модда ба кишварҳое, ки мавриди ҳамла қарор мегиранд, иҷоза медиҳад, барои ҳифозат аз худ ба таври инфиродӣ ё дастаҷамъӣ чораандешӣ кунад ва куштори русҳо дар натиҷаи сарозер кардани "А321" ҳам баробар ба ҳамла ба Русия аст", — изҳор дошт ҷаноби Лавров зимни нишасти хабарияш дар ҳошияи мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Лубнон Ҷуброн Басил.

Пайдо шудани ҷасадҳои нав дар маҳалли суқути "А321" дар Миср

Ба гуфтаи ӯ, ҳуқуқи ҳифозат аз худ дар асоси имкониятҳои мавҷудаи сиёсию низомӣ аз тариқи хадамоти вижаю иктишофӣ ва ғайра сурат мегирад.

Ин дар ҳолест, ки Раҳбари ХФА-и Русия Александр Бортников ахиран гуфт, дар дохили ҳавопаймои суқуткардаи "А321" дар нимҷазираи Сино маводи таркандаи худсохт, ки вазни он наздик ба 1 кило буд, таркидааст.

Ташхиси ашёи шахсии мусофирон ва қисматҳои ҳавопаймо исбот намудааст, ки дар дохили ин ҳавопаймо бомби худсохт таркидааст ва ин бозгӯкунандаи он аст, ки ҳавопамои Русия дар натиҷаи амали террористӣ суқут кардааст.

Баъд аз расидани ин иттилоъ раисҷумҳури Русия ҳам ваъда дод, ки дастандаркорон ҳатман муҷозот хоҳанд шуд.

"Мо бояд ин корро бидуни таъхир анҷом бидиҳем, щар кадоме аз онҳо бояд шиносоӣ шаванд. Ҳар куҷое пинҳон нашаванд, ҷустуҷӯ мекунем ва дар ҳар гӯшаи сайёра ҳам, ки набошанд, ҳатман пайдо карда, муҷозот мекунем", — гуфт ҷаноби Путин.

Рӯзи 31 октябри соли равон ҳавопаймои Airbus-321 ширкати "Когалимавиа"-и Русия, ки мехост аз Шарм уш-Шайх ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кунад, дар қаламрави Миср суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса 224 нафар, тамоми мусофирон ва ҳайати ҳавопаймо ҷон доданд. Амсоли ин ҳодисаро таърихи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Иттиҳоди шӯравӣ дар ёд надорад.

Лентаи хабарҳо
0