ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Мансур Ҳамидов, собиқ раиси ширкати мобилии Tcell, муовини президенти ширкати TeliaSonera дар минтақаи АвруОсиё таъин шуд. Ин иттилоъро ба Sputnik роҳбари шӯъбаи иртиботии ширкати Tcell дар Тоҷикистон Парвиз Раҳматуллоев таъйид намуд.
Ба иттилои манбаъ, Мансур Ҳамидов масъулияти раҳбарии ширкатҳои гуруҳи Fintur-ро ба ӯҳда дорад, ки шомили Azercell, Geocell, Kcell ва Moldcell мебошад. Ӯ аз соли 2011 то моҳи июни соли ҷорӣ ба ҳайси мудири кулли ширкати мобилии Tcell кор кардааст.
Гуфта мешавад, ӯро баъди 4 соли раҳбарӣ дар ин ширкат Миндаугас Убартас, мудири молии ширкати телекомникатсионии Tele2 Kazakhstan иваз намуд.
Мансур Ҳомидов қаблан дар ширкатҳои мансуб ба TeliaSonera дар Непал кор карда буд. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, дар Донишгоҳи Небраскаи ИМА даври омӯзиширо гузаштааст.
Ширкати мобилии Тселл аз моҳи марти соли 2010 ҶСП "Индиго Тоҷикистон" ва ҶСП КМ "Сомонком"-ро, ки аз соли 2000-ум инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд, таҳти бренди Tcell фаъолият менамояд.
Имрӯз, ширкати Tcell дар Тоҷикистон беш аз 3,5 миллион муштарӣ дорад. Дар ҳудуди кишвар беш аз 2000 истгоҳҳои иртиботи бесим ҷойгир буда, беш аз 2000 нуқтаҳои фурӯш мавҷуд аст. Соли 2010 ширкат ребрэндинги худро комилан анҷом дода ба холдинги TeliaSonera дохил шудаст.