Ҳукми зиндони ду шаҳрванди ҶТ ба иттиҳоми куштори омӯзгори мусиқӣ

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкҶаласаи додгоҳӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи додгоҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду моҳиҷири корӣ аз Тоҷикистон фирефтаи пулҳои ҳангуфти як омӯзгори фанни мусиқӣ шудаанд. Онҳо гӯиё занро куштаву пулҳояшро аз манзили зисти ӯ дар Маскав рабудаанд.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми қатли як омӯзгори Мактаби мусиқӣ- консерваторияи давлатии ба номи П.И Чайковскийи шаҳри Маскав ба муҳлати тулонӣ равонаи зиндон шудаанд, хабар додааст дафтари матбуоти Додситонии кулли Русия.

"Бо қарори Додгоҳи вилояти Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон — Хидиралӣ Ғоибов ва Бекмуҳаммад Раҷабов дар содир кардани амалҳои авбошӣ ва куштор гунаҳкор дониста шуданд", — афзудааст манбаъ.

Метрополитени Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷики 23-сола барои куштор дар метрои Маскав 12 сол ҳабс шуд

Тибқи қарори додгоҳ, гӯиё 25 сентябри соли 2013 Ғоибов ва Раҷабовро дар деҳаи Немчиновки ноҳияи Одинтсовкий ба соҳибхона, омӯзгори Мактаби мусиқии консерваторияи давлатии ба номи П.И Чайковскийи шаҳри Маскав ҳамла карданд.

Раҷабов қаблан дар хонаи ин омӯзгор кор мекардааст ва аз пулҳои нақдинаи соҳибхона ҳам огаҳӣ доштааст. Дар пайи ин ҳамла онҳо занро бӯғӣ карда, баъд аз ба ҳалокат расидани ӯ калиди хонааш дар шаҳри Маскавро гирифта, 600 ҳазор рублро аз онҷо рабудаанд.

"Ғоибов ва Раҷабов январи соли гузашта аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Маскав боздошт шуданд. Додгоҳ онҳоро дар куштор ва авбошӣ муттаҳам карда, Ғоибовро барои 21 сол ва Раҷабовро барои 23 сол аз озодӣ маҳрум кард", — илова кардааст манбаъ.

Тибқи гуфтаи додситони Маскав, муҳоҷирони тоҷик аз нигоҳи содир кардани ҷиноят миёни муҳоҷирони кории кишварҳои дигар дар мақоми дуюм қарор доранд.

Дар давоми соли гузашта, аз ҷониби муҳоҷирони узбак 2522 ҳолат, муҳоҷирони тоҷик 1745 ҳолат ва муҳоҷирони қирғиз 1269 ҳолати содир кардани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0