Мақомоти Белгия ҷустуҷӯи Салоҳ Абдусалом, гумонбари аслиро дар силсилатаркиш ва амалиётҳои терористӣ дар Порис шиддат мебахшад. Ба гуфти хадамот, номбурда бо "Давлати исломӣ" иртибот доштааст.
Аснои амалиёт дар болои боми хонаҳо тирандозҳо камин гирифта буданд ва мақомот убуру мурурро дар минтақа назорат мекард.
Рӯзи шанбе дар маҳалли муҳоҷирнишини Моленбек, дар пойтахти Белгия бародари Салоҳ- Муҳаммад боздошт шуд, бародари дигари онҳо Иброҳим худашро дар булвари Волтер дар Порис мунфаҷир кард.
Шаби 13 ба 14 ноябри соли равон дар умум дар 6 минтақаи пойтахти Фаронса таркишу тирпарониҳо сурат гирифт. Аз ҷумла он шаб афроди номаълум ба ошхонае дар округи 10-уми шаҳри Порис ва бинои театри "Батаклан ворид шуда, ҷониби ҳунармандон ва тамошобинон оташ кушодаанд.
Инчунин он шаб дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд ва афроди дигари баландпояи ду кишвар идома дошт, се таркиши дигари мудҳиш аз сӯи маргталабон ба вуқуъ пайвастааст.
Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад. Ин ҳамлаҳои ҳаросафкании шаби 13 ноябр дар таърихи Фаронса бесобиқа буда, вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард.