ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Тимҳои мунтахаб футзали Қирғизистону Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 10 то 21 феврали соли 2016 дар пойтахти Узбакистон- шаҳри Тошканд барпо мегардад, роҳхат гирифтанд, иттилоъ медиҳад ФФТ.
Соҳибони роҳхатҳо баъди натиҷагирии даври сеюми сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ, ки 16 ноябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, маълум гаштанд.
Дар бозии аввали даври сеюми мусобиқа тими мунтахаби Афғонистон дастаи Туркманистонро бо ҳисоби 5:3 шикаст дод. Дар бозии охирини сабқати гурӯҳи "А" мунтахаби Тоҷикистон аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Маврид ба ёдоварист, дар ду бозии қаблӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими Афғонистон бо ҳисоби 6:5 ғолиб омада, бозиро бо дастаи Туркманистон бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дода буд.
Ҳамин тавр, дар гурӯҳи "А" дастаи мунтахаби Қирғизистон бо панҷ имтиёз ғолиб шуд. Дастаи Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз мақоми дуюмро касб намуд. Ҳар ду даста соли оянда дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ иштирок хоҳанд кард.
Тимҳои Афғонистон (бо чаҳор имтиёз ҷойи севум) ва Туркманистон (бо ду имтиёз ҷойи чаҳорум) аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.