Расонаҳо: пешниҳоди писари Жириновский барои бастани марз бо ҶТ

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкМуовини раиси Думаи давлатии Русия Игор Лебедев. Акс аз бойгонӣ
Муовини раиси Думаи давлатии Русия Игор Лебедев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ноиб-раиси Думаи давлатӣ Игор Лебедев бар ин назар аст, ки воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба ФР бинобар сабаби амалиётҳои террористӣ дар Париж муваққатан масдуд карда шавад ва ҳатто марзҳо баста шаванд.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Муовини раиси Думаи давлатии Русия Игор Лебедев мегӯяд, назорат дар марзҳои муштараки  Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият дода шаванд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои русӣ.

Думаи давлатӣ ҷонибдори ҷарима барои ҷалби муҳоҷирони ғайриҳирфаӣ аст

"Бояд назорат дар марз тақвият ёбад, махсусан воридшавии шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ҷиддӣ санҷида шавад. Аз сабаби он ки марзҳои мо боз мебошанд, хатари воридшавии террористони худкуш зиёд аст",- қайд кард ӯ.

Лебедев илова кард, ки убури марз (беруншавӣ) ҳеч мушкиле надорад, аммо воридшавӣ (мурур)-и шаҳрвандон аз ОМ назорат шавад.

"Имрӯз 22- июни соли 1941 нест, ки ҷанг бо фашизм бошад, ҳоло бояд чораҳои ҷиддӣ аз ҷилавгирии терроризмро ҷӯем",- илова кард Лебедев.

Игор Лебедев- сиёсатмадори рус, вакили Думаи давлатӣ даъвати шашум мебошад. Зимнан, масъулияти ноибраисии палатаи поёнии парлумони ФР-ро ба зимма дорад. Аъзои ҲЛДР (ЛДПР), писари раиси ин ташкилоти сиёсӣ Владимир Волфович Жириновский аст.

Лентаи хабарҳо
0