Имрӯз дар саросари олам аз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз сокини маъюби шаҳри Душанбе Дилшоди Сайвалӣ, ки модарзод нобиност, дар суҳбат бо Sputnik дар бораи орзуҳои худ суҳбат карда, гуфт чӣ гуна аз паси корҳояш бармеояд.
Дилшод аз кӯдакӣ дар дил орзӯи сароянда шуданро доштааст. Шавқу рағбати амалишавии ин орзӯ ӯро ба Колеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов меорад ва ҳоло вай дар курси 4-уми ин колеҷ таҳсил мекунад.
— Ин ҳама барои таҳияи як албом кифоя нест. Ҳадди ақал 10 суруд лозим аст. Боз мехостам, клипҳое ба навор гирам, аммо барои ин кор маблағ надорам. Эй кош шахсоне пайдо мешуданд, ки ба истеъдоди ман бовар кунанд, мегӯяд ин ҷавони маҳрум аз биноӣ бо таассуф.
Оилаи иборат аз 6 нафари онҳо дар ҳуҷраи яке аз хобгоҳҳои пойтахт, ки ҳамагӣ 15 метри мураббаъ масоҳат дорад, зиндагӣ мекунанд. Волидайни Дилшод борҳо барои дарёфти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ҳукумати маҳаллии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат кардаанд. Вале ҷавобҳо ҳам ҳамеша ба як шакл — "қитъаи замини холӣ вуҷуд надорад ва ёфт ҳам нахоҳад шуд!" мебошад. Ҳоло тамоми хонавода умед ба истеъдоди Дилшод, фарзанди нобино ва маъюби оила бастаанд.
Дар кишварҳои ғарбии Аврупо тамоми шароит фароҳам карда шудааст, то шахсони нобино ба мисли Дилшод ҳатто дар хона худро рондашуда аз ҷомеа эҳсос накунанд. Тамоми роҳҳои пиёдагар бо таҷҳизоти махсус, ки роҳ рафтани нобиноёнро осон мекунанд, муҷаҳҳаз шуда, ҳатто чароғакҳои роҳнамо ва лифтҳо ҳам барои роҳнамоии ин афрод садо баланд мекунанд.
Аммо дар кишвари мо бошад, ин қишри ҷомеа на танҳо барои кӯмак наздикону пайвандони худ, ҳатто роҳгузаронро ҳам садо мекунанд, то онҳоро аз чорроҳа гузаронанд ё ба нақлиёти мусофирбар савор кунанд.