Манбаъ: навбатдориҳои шабона ба сафари хориҷии президент рабт дорад

© Sputnik / Амир ИсаевШоми Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Шоми Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манбаи мо дар яке аз вазоратхонаҳои кишвар мегӯяд, ин гуна навбатдориҳо одатан ҳангоми сафарҳои хориҷии раисҷумҳури кишвар сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар муассисаҳои давлатии Тоҷикистон ҳангоми дар сафари хориҷӣ қарор доштани раисҷумҳури кишвар навбатдориҳои шабона ҷорӣ карда мешавад, мегӯяд манбаъи Sputnik дар яке аз вазоратхонаҳои ҷумҳурӣ.

Ахиран расонаҳо аз ҷорӣ шудани навбатдориҳои шабона сар аз 11 ноябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ хабар дода буданд.

"Ин иқдом ташаббуси худи вазорат намебошад. Дар ин бора аз ҳукумат ба мо дастур шудааст. Вале сабабашро нагуфтаанд. То ҷое медонам, навбатдории шабона дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ҷорӣ карда шудааст", — афзуд манбаи мо.

Ба гуфтаи манбаи мо дар яке аз вазоратхонаҳои кишвар, ин гуна навбатдориҳо одатан ҳангоми сафарҳои хориҷии раисҷумҳури кишвар сурат мегирад. "Ҳоло раисҷумҳур дар доираи як сафари расмӣ дар Покистон қарор дорад ва баъд аз омадани ӯ ба Ватан ин навбатдориҳо бояд анҷом ёбанд", — илова кард ӯ.

Расонаҳо бо истинод ба омӯзгорони макотиби миёна хабар дода буданд, ки онҳо вазифадор шудаанд, ҳангоми навбадорӣ ҳушёр бошанду дар сурати дидани шахсони шубҳанок зуд ба пулис хабар диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0