ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ифтитоҳи Маркази тавсеаи технологияҳои сабз ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти сарпарастии СММ ташаббуси Қазоқистон мебошад, навиштааст бахши қазоқии Sputnik бо истинод ба сарвазири ин кишвар Карим Масимов.
Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар 66-умин Маҷмаи умумии СММ барномаи ҳамкории "Пули сабз"-ро пешниҳод кардааст, ки вазифаи он идораи рушди иқтисоди сабз тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ аст.
"Қазоқистон дар сатҳи миллӣ аллакай саҳми худро дар амалишавии ин лоиҳа бо қабули як консепсия дар мавриди гузариш ба иқтисоди сабз гузоштааст. Ҳоло мо пешниҳод дорем, таҳти сарпарастии СММ дар шаҳри Остона маркази байналмилалии тавсеаи технологияҳои сабз ва лоиҳаҳои сармоягузориро ифтитоҳ кунем", — афзудааст Масимов.
Раиси ҳукумати Қазоқистон ёдовар шудааст, ки соли 2017 дар ин кишвар намоишгоҳи байланмилалии ЭКСПО дар мавзуи "Энергияи оянда" баргузор хоҳад шуд, ки дар натиҷаи он ба гуфтаи ӯ, Остона ба як майдони муассир барои намоиши беҳтарин таҳаввулот ва равандҳои ҷаҳонӣ дар истифода аз энергияи офтобӣ, бод, дарёӣ ва обҳои ҳароратӣ табдил хоҳад ёфт.
"Лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи истеҳсолӣ ва истеъмоли энергияи анъанавӣ ва алтернативӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Раисҷумҳур Нурсултон Назарбоев дар доираи стратегияи "Қазоқистон-2050" мақсадеро барои рушди иқтисоди сабз гузоштааст, ки ҳадди ақал бояд то соли 2050 ними аҳолӣ бо барқи истеҳсолшаванда аз роҳҳои алтернативӣ таъмин карда шаванд", илова кардааст раиси ҳукумати ин кишвар.